Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Апрель 15, 2024 18:38

БОХТАР, 15.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканд дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии «Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошканд» ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар хабар доданд.

Санадҳои муҳими ҳамкорӣ аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва ректорони донишгоҳҳои  Узбекистон ба имзо расонида шуданд.

Имзои ёддоштҳо имкон медиҳад, ки минбаъд ҳамкорӣ дар заминаи табодули академӣ, даврҳои такмили ихтисос, ташкили барномаҳои таҳсилотии муштарак, даъвати профессорон ба муассиса, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва амсоли ин амалӣ шавад.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории судмандро бо 38 муассисаи олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ амалӣ намуда, тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бонуфузи дунё тавсеа бахшад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Апрель 15, 2024 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд