Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истгоҳҳои гидрологии музофоти Гуандун (Чини Ҷанубӣ) аз меъёр зиёд шудани сатҳи обро дар зиёда аз 20 дарёи ин музофот пешгӯӣ менамоянд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии «Синхуа» бо истинод ба идораи маҳаллии хоҷагии об хабар додааст.
Интизор меравад, ки бар асари бориши зиёд ва тӯлонӣ сатҳи об дар поёноби дарёи Бэйтсзян якбора боло рафта, боиси обхезии шадид мегардад. Кумитаи коҳишдиҳии талафоти офатҳои табиӣ дар вилояти Гуандун вокуниш ба офати табиии сатҳи 4 – ро дар робита ба офати обӣ дар шаҳрҳои Шогуан ва Тсинюан дар ҳамон музофот фаъол намудааст. Амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад.
Маркази обуҳавошиносии музофоти Гуандун давоми ҳафтаи оянда бориши зиёдеро дар музофоти Гуандун пешгӯӣ кардааст.
Тибқи маълумоти охирин, 11 нафар дар натиҷаи боронҳои шадид дар музофоти Гуандуни Чин бедарак шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






