Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд

Апрель 23, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истгоҳҳои гидрологии музофоти Гуандун (Чини Ҷанубӣ) аз меъёр зиёд шудани сатҳи обро дар зиёда аз 20 дарёи ин музофот пешгӯӣ менамоянд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии «Синхуа» бо истинод ба идораи маҳаллии хоҷагии об хабар додааст.

Интизор меравад, ки бар асари бориши зиёд ва тӯлонӣ сатҳи об дар поёноби дарёи Бэйтсзян якбора боло рафта, боиси обхезии шадид мегардад. Кумитаи коҳишдиҳии талафоти офатҳои табиӣ дар вилояти Гуандун вокуниш ба офати табиии сатҳи 4 – ро дар робита ба офати обӣ дар шаҳрҳои Шогуан ва Тсинюан дар ҳамон музофот фаъол намудааст. Амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад.

Маркази обуҳавошиносии музофоти Гуандун давоми ҳафтаи оянда бориши зиёдеро дар музофоти Гуандун пешгӯӣ кардааст.

Тибқи маълумоти охирин, 11 нафар дар натиҷаи боронҳои шадид дар музофоти Гуандуни Чин бедарак шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 23, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд