Бар асари сардии шадид дар Муғулистон дар маҷмуъ 6,3 миллион сар чорво нобуд гардид

Апрель 11, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати рӯзи чоршанбе дар Муғулистон бар асари бориши шадиди барф дар мамлакат, ки боиси дастнорас гардидани ғизои чорво шуд, дар маҷмуъ 6,3 миллион сар чорво нобуд гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус котиби Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулода Тувшинсайхан Баярхуу дар нишасти матбуотӣ барои ВАО — и маҳаллӣ изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, дар аймакҳои Сухбаатар, Ҳэнтий, Архангай, Тув, Дорногов ва Булгани Муғулистон нишондиҳандаҳои баландтарини нобудшавии чорво сабт шудаанд.

Чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Муғулистон ва инчунин манбаи даромади қариб 40 фоизи аҳолии кӯчманчии кишвар мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабук, то охири соли 2023 шумораи умумии чорво дар Муғулистон 9,1 фоиз коҳиш ёфта, ба 64,7 миллион сар расидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 11, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд