Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо, ки аз 3 то 5 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, имрӯз бо роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ҷаласаи кумитаи тадорукот доир карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар ҷаласа муовинони Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаҳои олимпӣ, ҷавонон ва варзиш, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ ва дигарон иштирок намуданд.
Роҳбари кумитаи тадорукот иброз дошт, ки ин навбат низ бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқа қарори дахлдор ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. Тибқи он вазифаҳо барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинӣ ба масъулин пешниҳод шуданд.
Аз ин рӯ аз масъулин талаб карда мешавад, ки баҳри дар сатҳи баланд доир намудани чорабинӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






