Барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар мавзуи «Мафҳум ва ҳифзи ихтироъ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Муовини аввали директори Маркази миллии патенту иттилоот Шавқат Вализода иброз намуд, ки машварати омӯзишӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созанда ва иқдоми пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҳамзамон баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо оид ба мафҳум ва моҳияти навоварию ихтироъкорӣ ва иттилоотонӣ вобаста ба соҳа доир гардид.
Дар машварат аз ҷониби коршиносон оид ба самти ихтироот, аз ҷумла моҳияти ихтироъ, ҳуқуқи патентӣ, таърихи пайдоиш ва инкишофи он, таҳқиқоти патентӣ, талабот ба ҳуҷҷатҳои ариза барои гирифтани патент, меъёрҳои ҳифзпазирӣ, объектҳои ихтироъ, экспертизаи ариза, бақайдгирӣ ва ҳуқуқи истисноии дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ (патент) бо иштироккунандагон суҳбати озод доир гардид.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд






