Барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд

Апрель 15, 2024 13:26

ДУШАНБЕ, 15.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар мавзуи «Мафҳум ва ҳифзи ихтироъ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Муовини аввали директори Маркази миллии патенту иттилоот Шавқат Вализода иброз намуд, ки машварати омӯзишӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созанда ва иқдоми пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҳамзамон баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо оид ба мафҳум ва моҳияти навоварию ихтироъкорӣ ва иттилоотонӣ  вобаста ба соҳа доир гардид.

Дар машварат аз ҷониби коршиносон оид ба самти ихтироот, аз ҷумла моҳияти ихтироъ, ҳуқуқи патентӣ, таърихи пайдоиш ва инкишофи он, таҳқиқоти патентӣ, талабот ба ҳуҷҷатҳои ариза барои гирифтани патент, меъёрҳои ҳифзпазирӣ, объектҳои ихтироъ, экспертизаи ариза, бақайдгирӣ ва ҳуқуқи истисноии дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ (патент) бо иштироккунандагон суҳбати озод доир гардид.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»

Апрель 15, 2024 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 24,7 фоиз баробар шуд
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад