Бе чӣ наметавон ба саёҳати ҷаҳон баромад?

Апрель 2, 2024 13:54

ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон яке аз мардумони дӯстдори сайру саёҳат мебошанд. Масалан, соли 2022  2,6 миллион нафар, яъне чоряки аҳолии ҷумҳурӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ сафар намудаанд. Мо ба дигар мамлакатҳо бо мақсади кор, таҳсил ва истироҳат меравем. Аммо муошират бо наздикон дар роуминги байналмилалӣ чӣ гуна метавонад муфид бошад ва мушкилоти рӯзмарраро ҳангоми дур будан аз хона чӣ тавр тавассути он ҳал намудан мумкин аст? Бо ёрии смартфон, ки ҳоло ҳангоми сафар ба мисли шиноснома ва ҷомадон бо ашёҳо зарур аст!

Чиптаҳои ҳавопайморо харидорӣ менамоем 

Гаҷетҳои муосир аллакай ҳангоми банақшагирии сафар дастёри беҳтарин ҳастанд. Харидории чипта барои дилхоҳ парвоз тавассути замимаи мобилии «МегаФон Life» имконпазир мебошад. Ин одӣ аст: ба замима ворид шавед, дар саҳифаи асосӣ каме поёнтар аз тавозун «чархофалак» бо номҳои хизматрасониҳо ба шумо дучор меояд. Қисми «Чиптаҳои ҳавопаймо»-ро пайдо намоед ва дар он ҷо ширкати ҳавопаймоӣ, сана ва вақти парвоз, дараҷаи ҷойи мусофирро интихоб намоед. Шумо ҳатто метавонед хатсайр тартиб диҳед, агар нақшаи сафар тариқи гузариш ба хатсайри дигар дошта бошеду пешниҳодҳои муфиди парвозро барои санаи зарурӣ интихоб кунед. Бо истифода аз маблағҳои «Ҳамён»-и замима ё корти бонкии ба он вобасташуда ва ё корти карзии «Орзу» пардохти пули чипта дар ин ҷо имконпазир аст.

Аз хориҷа занг мезанем

Инак, мо аз Душанбе ба Новосибирск ё аз Хуҷанд ба Тошканд парвоз кардем. Хуб мешуд, агар ба наздикон хабар диҳем, ки парвоз бомуваффакият анҷом ёфт! Занг задан ба таври маъмулӣ тавассути шабакаи мобилӣ гарон аст, зеро ҳангоми убури сарҳади давлатӣ мо ба минтақаи роуминги байналмилалӣ ворид шудем. Аммо замимаи «МегаФон Life» имконияти «занг задан» дорад ва он ба шумо имкон медиҳад, ки ба корбарони дигари замима ройгон занг занед. Зангҳои воридотӣ низ ройгон хоҳанд буд. Дар дилхоҳ давлати дунё. Аз ҳама муҳим фаромӯш накунед, ки барои кори замимаи мобилӣ дастрасӣ ба интернет зарур аст!

Як дақиқа, агар ҳамсуҳбат «МегаФон Life»-ро ба кор надаровардааст? Ба ҳар ҳол, занг задан тавассути замима муфид хоҳад буд: як дақиқаи занг ба дилхоҳ шабакаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 дирам буда, арзиши як SMS-паёмак ба хона низ айнан ҳамин миқдор маблағро ташкил медиҳад.

Нархгузории зангҳо дар мамлакати иқомат мушкилтар аст: барои корбари «МегаФон Life» нархи занги содиротӣ 20 дирамро дар як дақиқа ташкил медиҳад. Лекин ба муштарие, ки зангро қабул мекунад, — масалан, ба аъзои оилае, ки бо шумо омадааст, дар роуминги байналмилалӣ лозим меояд, ки зиёдтар маблағ пардохт намояд… Аммо чунин душворӣ чӣ лозим? Бигзор наздикони шумо низ «МегаФон Life»-ро боргирӣ намоянд, он гоҳ пардохткунӣ тамоман лозим намешавад!

Дар паёмрасон муошират менамоем 

Хуб, чӣ тавр бояд паёмакҳои дарози матнӣ, аксҳо ва видеоҳоро мубодила кард? Барои ин дар «МегаФон Life» паёмрасоне мавҷуд аст, ки онро низ дар саҳифаи асосӣ ба осонӣ пайдо намудан мумкин аст. Бо наздикон, дӯстон ва ҳамкорон чатҳои гурӯҳӣ ташкил кунед ва дар дохили замима ройгон муошират намоед. Албатта, «МегаФон Life» бояд дар дастгоҳҳои мобилии ҳамаи ҳамсуҳбатон фаъол гардида бошад.

Зимнан, фаъол намудани сатри «SMS ба Life» -ро дар қисми «Боз ҳам» фаромӯш насозед. Агар паёмакҳои матнӣ — масалан, огоҳиномаҳоро дар бораи амалиёти пардохтие, ки дар «Ҳамён» -и замимаи мобилӣ анҷом дода шудаанд, ройгон қабул кардан хоҳед, ин хеле муфид хоҳад буд.

Маблағ интиқол медиҳем 

Оё ба шумо лозим аст, ки маблағи дар Русия ба даст овардаатонро ба наздиконатон фиристед  ва ё баръакс –хоҳиш намоед, ки суратҳисобатонро пур кунанд, агар маблағи хароҷотро ҳангоми сафар дуруст ба инобат нагирифтед? «МегаФон Life» ёрирасони шумо аст.  Ҳоло замима имкон медиҳад, ки ба 20 мамлакати Авруосиё, аз Англия то Малайзия маблағ интиқол дода шавад.

Ин амал чунин мешавад: ба қисми «Ҳамён» дароед — он дар қисми болоии «чархофалак» дар ҳамон сатр бо тавозун ва холҳо ҷойгир аст — тасвири «Интиқоли маблағ» -ро пахш кунед. Сипас мамлакатро интихоб намоед, рақами корти кабулкунанда, маблағро ворид карда, тугмаи «Интиқол додан» -ро пахш намоед. Тамом! Маблағҳо метавонанд аз тавозуни «Ҳамён», корти бонкии ба замима вобасташуда гирифта шаванд.

Шарти ибтидоӣ ин аст, ки барои анҷом додани амалиёти молиявӣ корбар бояд дар замима мушаххаскуниро гузарад. Барои ин пеш аз сафар бо шиносномаи худ ба наздиктарин толори ширкати «МегаФон Тоҷикистон» равед. Дар Федератсияи Русия шумо метавонед маблағро ба кортҳои МИР, VISA ва MasterCard, ки бонкҳои Русия баровардаанд, интиқол диҳед. Дар мамлакатҳои дигар, новобаста аз бонк, танҳо интиқол бо кортҳои VISA дастрас аст.

Ҳисобномаҳои коммуналиро пардохт менамоем 

Сафаратон дароз аст ва шумо аз он нигаронед, ки дар вақти ҳузур надоштанатон теъдоди ҳисобномаҳои пардохтнашуда барои хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ меафзояд ё зарурати пардохти қарз пеш меояд? Дар «чархофалак»-и хизматрасониҳои «МегаФон Life», ки аллакай ба шумо маълум аст, «Пардохти автоматӣ» мавҷуд аст. Онҳоро тавре танзим кунед, ки маблағ барои барқ, интернет ва ё пардохти қарз ба таври автоматӣ ситонида шавад. Ва ҳангоми сафар дар мавриди ташвишҳои хона хавотир нашавед!

Хизматрасониҳоро пайваст менамоем 

«МегаФон Life» — инчунин ҳуҷраи шахсии муштарӣ мебошад. Дар замима шумо метавонед тарофаро тағйир диҳед, хизматрасониҳои мувофиқро пайваст кунед. Масалан, ҳангоми сафар ба Узбекистон «Роуминг  Ҳамсояҳо» лозим меояд. Ҳарчанд шумо дар хориҷа бошед ҳам, арзиши як дақиқаи занг ба хона ё дар дохили Узбекистон 2,50 сомонӣ ва як дақиқаи занги воридотӣ 1,50 сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба нархҳои стандартии байналмилалӣ якчанд маротиба камтар аст. Пайвасткунии хизматрасонии «Роуминг Ҳамсояҳо» ройгон аст.

Шумо метавонед онро дар саҳифаи асосии замимаи «МегаФон Life» фаъол созед. Сатри «Хизматрасониҳои ман» -ро кушоед, сипас ба «Дастрас» — «Роуминг» ва баъдан ба қисми «Роуминг Ҳамсояҳо» даромада, «Пайваст кардан» -ро пахш намоед. Сода ва осон!

Бо «Бозии Лайфи» хурсандӣ мекунем

Барои дар роҳ дилгир нашудан шумо метавонед дар замима бозӣ кунед. Барои ин, дар саҳифаи асосӣ, дар болои тавозун «чархофалак»-ро ҳаракат диҳед, «Бозии Лайфи»-ро интихоб кунед, пас «Ба сайругашт бароед» ё «Тамоми коллексияҳоро ҷамъ намоед». Бо гузаштани сатҳҳои бозӣ мегабайтҳоро ба даст оред.

Ҳамин тавр, смартфон дар ҳалли бисёр мушкилот мададрасони шумо   аст! Аз ин рӯ, танҳо бо замимаи «МегаФон Life» ба сафар бароед! Шумо метавонед онро тавассути суроға боргирӣ намоед. Онро мунтазам навсозӣ намуданро фаромӯш насозед, то аз ҳама хизматрасониҳои нав баҳраманд гардед.

Роҳи сафед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Апрель 2, 2024 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад