ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН-2024. Ғолибони бозиҳои даври аввал байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Апрель 8, 2024 15:16

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати 33-юми Тоҷикистон 6 апрел оғоз шуда, бо иштироки 12 даста дар ду давр баргузор  мегардад. Дар маҷмуъ ҳар даста дар Чемпионати Тоҷикистон-2024  22 бозӣ анҷом медиҳад. Дар ин хусус шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дастае, ки дар мавсими соли 2024-и Лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба Лигаи якум меравад ва бошгоҳе, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ мегузаронад.

Системаи VAR дар се бозии даври аввали мавсими нав истифода шуд. Аз шаш вохӯрии даври аввали чемпионати Тоҷикистон-2024 чортоаш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Хотиррасон мешавем, ки 6 апрел бозии дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор  ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор хеле ҷолиб баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 3 бар 3 анҷом ёфт.

Дастаи футболи  «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор  дар аввалин бозиаш дар Лигаи олӣ ба муқобили яке аз муддаиён хеле хуб бозӣ намуд. Голҳои дастаи  «Равшан»-ро дар ин бозӣ Бахтиёр Зарипов, Нозим Бобоҷонов ва Азизбек Султонов ба нишон расониданд. Голҳои дастаи  «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисорро Абубакр Сулаймонов, Шеравган Саидов ва Шерзод Раҷабов ба  нишон  расониданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати дастаи «Равшан» муаллифи аввалин гол дар мавсими нави Лигаи олӣ гардид. Дар мавсими гузашта Бахтиёр Зарипов муаллифи аввалин хет-трик дар Лигаи олӣ шуда буд, ки он вақт дар ҳайати  дастаи футболи   «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бозӣ мекард.

Бозии дигар, ки 6 апрел баргузор шуд, ин дербии шаҳри Хуҷанд байни дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  буд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»  дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи  дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  анҷом ёфт. Голҳои дастаи «Хуҷанд»-ро Ҷасур Қурбонов ва Артём Сердюк ба  нишон расониданд. Ягона голи  дастаи футболи «Эсхата»-ро собиқ бозингари  дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  — Ҷаҳонгир Эргашев ба нишон расонид.

Дар бозии дастаҳои футболи   «Регар-ТадАЗ»  ва «Вахш» 6  апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи шаҳри Турсунзода бо голҳои Шерзод Маҳмадиев ва Квадво Фримпонг ғолиб шуд. 7 апрел дар Лигаи олӣ 3 бозии дигар доир шуд.

Дар рақобат байни дастаҳои «Панҷшер»  ва КМВА дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи футболи  «Панҷшер»  дар аввалин бозӣ дар Лигаи олӣ пас аз шаш соли таваққуф мағлуб гардид. Дар ин бозӣ  дастаи  КМВА бо ҳисоби 1 бар 3 зафар ёфт. Ягона голи дастаи «Панҷшер»-ро Давлатбек Сайдаминов дар аввалин бозияш дар Лигаи олӣ ба  нишон  расонид. Голҳои дастаи  КМВА-ро Шероз Шарипов, Абдулло Шарипов ва Шаҳбоз Ҳабибов ба ҳадаф  расониданд.

Чемпиони феълии мусобиқа- дастаи  футболи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе  бо  дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  рақобат намуд. Дар ин бозӣ дастпарварони Никола Лазаревич бо ҳисоби 3 бар 1 зафар ёфтанд. Голҳои  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо дар ин бозӣ Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе ва Манучеҳр Ҷалилов ба  нишон  расониданд. Ягона  голи  дастаи  «Истаравшан»-ро Мбеке Сиебатчу ба нишон расонид. Ин вохӯрии 15-уми дастаҳои  «Истиқлол»  ва  «Истаравшан»  буд. Дар ин бозиҳо 13 ғалаба ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва 1 ғалаба ба фоидаи  дастаи  «Истаравшан»  аст. Як  бозии дастаҳо мусовӣ анҷом ёфтааст.

Бозии охири даври аввал байни дастаҳои  футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор   ва «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид. Голҳои Абдухалил Боронов ва Саидмухтор Азимов ғалабаи  дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархорро дар ин бозӣ  таъмин намуд.

Бозиҳои даври дуюм дар Лигаи олӣ

12 апрел |16:00

«Куктош» – «Регар-ТадАЗ»

«Хуҷанд» – «Ҳосилот»

13 апрел | 16:00

«Вахш» – «Истиқлол»

«Эсхата» – КМВА

14 апрел | 16:00

«Равшан» – «Панҷшер»

«Истаравшан» – «Барқчӣ»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикисто

Апрель 8, 2024 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Коршиносони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар конфронси байналмилалӣ доир ба рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон гӯшаи фарҳанги миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад