Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд

Апрель 28, 2024 12:02

ДУШАНБЕ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Барномаи Хазинаи сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар доираи Лоиҳаи «Нигаҳдории мероси фарҳангӣ барои наслҳои оянда» чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Зимни анҷоми ин лоиҳа дар майдони вурудии ёдгорӣ директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент, сафири ИМА дар Тоҷикистон аз ҷойгоҳу аҳамияти ин ёдгорӣ ва ҳамкорӣ барои ҳифз, барқарорсозӣ ва таҳқиқи он сухан гуфтанд.

Иброз гардид, ки бо татбиқи Лоиҳаи «Нигаҳдории мероси фарҳангӣ барои наслҳои оянда» дар шаҳри қадимии Панҷакент чор иншооти муҳими он, аз ҷумла маъбади оташпарастии асрҳои 5-6, боқимондаҳои девори асри 5, толори пазироии меҳмонон бо номи рамзии «Рустамнома», девори мудофиавии Панҷакенти қадим таҷдиду барқарор шуда, дар масофаи 2,8 километр ҳудуди ёдгорӣ панҷарабандӣ карда шуд.


Таъкид карда шуд, ки «барои Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дастгирии барқарорсозии ин шаҳри бостонии Роҳи бузурги Абрешим яке аз масирҳои пурмаъное аст, ки тариқи он мо эҳтиром ва қадрдониамонро ба таърих ва фарҳанги ғании Тоҷикистон баён менамоем».

Дар ҷамъомад ба Хазинаи сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои нигаҳдории мероси фарҳангӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони пешсаф», Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону мутахассисон, иштирокчиёни татбиқи лоиҳа изҳори сипос карда шуд.

Бояд гуфт, ки бо роҳнамоию дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 9 ёдгории таърихии ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла панҷ ёдгории шаҳри Панҷакент ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО ворид шуданд, ки яке аз онҳо ёдгории асрҳои 5-8-и мелодӣ- шаҳри Панҷакенти қадим аст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Апрель 28, 2024 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд