Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии олимони Академия баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия хабар медиҳад, конференсия ба масъалаҳои арзишманди дорои аҳамияти байналмилалӣ, аз қабили «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028 ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида шуд.
Зимни конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода ба олимону кормандони академия дар ҷодаи илм барору комёбӣ орзу намуда, расидан ба натиҷаҳои назаррасро дар ин самт таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки Ҳафтаи илм фурсати хубе барои табодули андешаву дастовардҳои илмии ҳайати олимони Академия ва таҳрикбахш дар ростои машғул шудан ба пажуҳишҳои илмӣ аст. Барои беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 — 2040 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудаанд. Ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.


Дар ҷаласа олимон дар мавзуъҳои «Ҳамкории байналмилалии занони олим ҳамчун шарти баробарии гендерӣ дар омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ — намуна аз Тоҷикистон», «Хатарҳои глобалӣ ба гуногунии биологӣ ва экосиситемаҳо», «Терроризм ва хавфҳои репутатсионӣ ҳамчун усули технологияҳои сиёсӣ», «Усулҳои муосири ташхис ва табобати фишорбаландии дуюмдараҷа» сухан намуданд.
Кори конференсия дар доираи «Ҳафтаи илм» дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон то 15 апрел идома меёбад.
Зимнан дар мавзуъҳои «Солҳои 2022-2026 – солҳои рушди саноат ва саноатикунонии босуръати мамлакат», «Аҳамияти илми маводшиносӣ дар пешрафти саноати мамлакат», «Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо», «Тағйирёбиҳои иқлимӣ ва таъсири он ба ҳолати пиряҳои Тоҷикистон», «Истихроҷ, коркард ва содироти канданиҳои фоиданок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Гирифтани ду ҳосил дар як сол аз зироати гандум», «Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Мероси фарҳангӣ», «Нақш ва мавқеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо терорризм ва экстремизм», «Нақши илм дар ҳаёти ҷомеа», «Рушди сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ», «Маърифати ҳуқуқӣ – гарави бунёди давлати дунявӣ» ва ғайра маърузаҳои олимони ин муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ пешкаш мегарданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






