Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китобҳои Президенти Туркманистон рӯнамоӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китобҳои Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов «Ҷавонон-такягоҳи Ватананд» ва «Анау – фарҳанг аз қаъри ҳазорсолаҳо» рӯнамоӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои Туркманистон, директори Институти забон, адабиёт ва дастхатҳои миллии ба номи Махтумқулии Академияи илмҳои Туркманистон, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Туркманистон сухан намуданд.
Дар фарҷом ба иштирокчиён китобҳои Президенти Туркманистон тақдим гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






