Дар Арабистони Саудӣ Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд

Апрель 30, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ  шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Риёз, намояндагони доираҳои расмию кории Арабистони Саудӣ ва рӯзноманигорони маҳаллию хориҷӣ иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш дар баробари барномаи мусиқӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ суфраи наврӯзӣ бо таомҳои миллии тоҷикӣ ороста шуда, барои муаррифии таърих ва фарҳангу тамаддуни  мардуми куҳанбунёди тоҷик гӯшаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.


АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Апрель 30, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд