Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд

Апрель 26, 2024 14:20

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайиланд иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО)  баргузор гардид, ки дар он Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЭСКАТО Ардашер Қодирӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар мавзуъҳои истифодаи рушди рақамӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором ва масоили кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур ба хушкӣ ва кишварҳои ҷазиравии рӯ ба тараққӣ сухан гуфт.

Ардашер Қодирӣ нақши ташаббусҳо ва стратегияҳои миллии мамлакатро, ки дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба ҳадафҳои рушди устувор мутобиқ мебошанд, таъкид намуд. Таваҷҷуҳи хос ба барномаҳои калидӣ, ба монанди Консепсияи иқтисоди рақамии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисод (2021-2025) ва ташаккули ҳукумати электронӣ равона гардид. Инчунин саҳми Тоҷикистон дар Даҳсолаи об ва нуктаҳои Конфронси оби СММ аз соли 2023 манзур гардиданд.

Ҳамчунин намояндаи доимии Тоҷикистон ҳозиринро ба иштироки фаъол дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июни соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 26, 2024 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд