Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии озмун масъулин оид ба аҳамият ва зарурати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», нақши илм дар рушд ва инкишофи ҷомеаи муосир изҳори андеша намуда, ба иштирокдорон тартиби баргузории онро тибқи муқаррароти Низомнома шарҳ доданд.
Марҳалаи донишгоҳии озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид, ки дар умум 58 донишҷӯ дар он иштирок намуд. Қаблан, дар даври аввали озмун 156 донишҷӯ иштирок намуда буд. Дар даври донишгоҳӣ иштирокчиён малакаю маҳорат ва донишҳои азхудкардаро нишон дода, беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли 4-ум аст, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ гузаронида мешавад.
АКС аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






