Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва Соли маърифати ҳуқуқӣ конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар конференсия ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Файзулло Машраб ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорйев сухан намуданд.
Файзулло Машраб иброз дошт, ки «Дар Тоҷикистон дар даврони Истиқлолии давлатӣ баҳри рушди илм тадбирҳои муассир андешида шуда, аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Тавре Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 1 сентябри соли 2022 иброз намуданд: «Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бо маром идома медиҳем».
«Илму навоварӣ дар замони муосир муҳаррики асосии пешрафту тараққиёт маҳсуб мешавад. Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба соҳаи илм бетараф набуда, ба тарбияи мутахассисони варзида таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Баргузории озмуну олимпиадаҳои илмӣ, конфренсияву семинарҳои байналмилалӣ ва садҳо иқдоми дигар ба рушду пешрафти илми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст»,-афзуд номбурда.
Дар конференсия доир ба ба Рӯзи илм, Соли маърифати ҳуқуқӣ ва таҳқиқоти илмии худ устодону донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо маъруза намуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»











Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






