Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар ҳошияи мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муҳими пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ дар ҷомеаи муосир» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд.
Дар конференсия моҳияти хурофоту хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеаи муосир, ифротгароӣ- манбаи таҳдид ва хатар ба ҷомеа, хурофот ва хурофотпарастӣ – монеаи рушди ҷомеа, усул ва роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ақидаҳои ифротгароӣ дар байни ҷавонон, санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти террористиву экстремистӣ баррасӣ гардиданд.
Инчунин иштирокдорон вобаста ба нақши мазҳаби ҳанафӣ дар пешгирии хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта ҳамчун омили пешгирӣ аз тафаккури ифротгароӣ ва тундгароӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Донишкадаи исломии Тоҷикистон










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






