Дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея Квон Донг Сок доир гардид, ки зимни суҳбат мусоҳибон масъалаи тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории миёни ду мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, нассоҷӣ барои истеҳсоли сикли пурраи нахи пахта, батареяҳои офтобӣ, аккумуляторҳо, электромобилҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», таъсиси «Паркҳои технологӣ» ва технологияҳои рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо ва ҷорӣ намудани низоми «Савдои электронӣ» мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






