Дар Душанбе Анҷумани VIII Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ҷаласаи Анҷумани VIII Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо хабар медиҳад.
Дар кори Анҷумани навбатии Палатаи савдо ва саноат рӯзномаи он ва масъалаҳои дигари марбут ба кори соҳа баррасӣ мешаванд.
Бинобар ин, аз роҳбарон ва намояндагони ширкату корхонаҳои аъзо даъват ба амал оварда мешавад, ки дар кори Анҷумани VIII Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 апрел дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» баргузор мегардад, иштирок намоянд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид






