Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илми тоҷик қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид

Апрель 25, 2024 14:40

 ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе  бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ҳамоиши ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз дастовардҳои вазорат дар самти илм ёдовар шуда, иброз намуд, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Магистранти сол» ва дигар озмунҳои илмӣ ба рушди илми тоҷик таъсир мерасонад.

Иброз гардид, ки илму навоварӣ дар замони муосир муҳаррики асосии пешрафту тараққиёти ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ҳамарӯза дар манотиқи гуногуни ҷаҳон башарият ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба соҳаи илм бетараф набуда, ба тарбияи мутахассисони варзида таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.   Баргузории озмуну олимпиадаҳои илмӣ, конфренсияву семинарҳои байналмилалӣ ва садҳо иқдоми дигар ба рушду пешрафти илми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Сипас ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» бо гирифтани диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» байни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он аз аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23 муассиса корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ихтирооти донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рўи ихтисос (PhD)-ро дар ҳаҷми 181 кори илмӣ ва лоиҳаҳои ихтироотӣ пешниҳод намуданд.

Тибқи хулосаву баҳогузории комиссияи экспертии озмун кори беҳтарини илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳаҳои ихтироотии донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рўи ихтисос (PhD) муайян гардида, сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Ифтихорнома дониста шуданд.

Ҳамин тавр, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дар озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ширкат намуда, дар маҷмуъ соҳиби 42 ҷойи ифтихорӣ (20 ҷойи 1, 14 ҷойи 2 ва 8 ҷойи 3) ва 14 Ифтихорнома гардиданд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол», ки байни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, аз 12 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 12 кори илмӣ-таҳқиқотӣ пешниҳод шуд. Аз 12 кори пешниҳодшуда магистрантон соҳиби 1 ҷойи 1, 2 ҷойи 2, 2 ҷойи 3 ва 2 Ифтихорнома гардиданд.

Ҳамзамон  як зумра кормандони соҳаи илму маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» — и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик сарфароз гардиданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 25, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид