Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд

Апрель 27, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун мебошад. Чунин гуфта шуд дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ», ки бахшида ба Соли марифати ҳуқуқӣ ҳуқуқӣ ва Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад, Дар ифтитоҳи конфронси байналмилалӣ бобати бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва аҳамияти он ибрози назар карда шуд.

Гуфта шуд, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дар ин замина таҳкими волоияти қонун дар ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир мегузорад.

Дар конфронси байналмилалӣ кормандони масъули Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ, олимону ҳуқуқшиносони варзидаи мамлакат доир ба таҳкими маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ маъруза намуданд. Таъкид шуд, ки Соли марифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид.


Конфронси байналмилалӣ дар бахшҳои «Маърифати ҳуқуқӣ- омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ: масъалаҳои ҳуқуқӣ ва фалсафӣ», «Сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон», «Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон», «Мукаммалсозии механизми молиявии рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар раванди амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат», «Нақш ва мақоми фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар таҳким ва рушди саноатикунонии босуръати мамлакат», «Масъалаҳои мубрами омӯзиш ва таълими забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд.

Дар конфронси байналмилалӣ дар радифи намояндагон аз донишгоҳҳои Русия, Эрон, Қазоқистон, Узбекистон, кормандони судҳои олӣ, конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, мақомоти гумрук, адлия, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Апрель 27, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад