Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад

Апрель 26, 2024 08:47

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар конференсия аз ҷумла, масъалаҳои вобаста ба таҳлилу мониторинги ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои амнияти об, инчунин таҳия ва пешбурди механизму воситаҳои оптималии ҳавасмандгардонии ин раванд муҳокима мегардад.

Тавре таъкид гардид,  Осиёи Марказӣ аллакай зери таъсири тағйирёбии иқлими дунявӣ қарор гирифтааст, ки ин боиси норасоии неруи барқ ва об мегардад. Дар натиҷа камшавии давомноки баҳри Арал, ки дар замони собиқ барои истеҳсоли пахта дар минтақа аз ҳад зиёд истифода мешуд, шадидтар шудааст. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳад, ки бодҳо намакҳоро аз қаъри ин баҳр ба пиряхҳои баландкӯҳи минтақаи Помир, ки макони асосии ташаккули захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд, мебарад. Ин ба обшавии пиряхҳо дар баландкӯҳҳои минтақа суръат бахшида, ба амнияти об хатари иловагӣ мегардад. Ҳамчунин дар мамлакатҳои дорои рӯдхонаҳои фаромарзӣ ва сохтмони идомаёбанда ва дар пешистодаи иншооти нави бузурги ирригатсионӣ метавонад дастрасиро ба об дар Осиёи Марказӣ коҳиш диҳад.

Конференсия имрӯз  идома ёфта, дар он коршиносон, масъулон ва олимони соҳаи энергетика аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва ИМА тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ дар ҳалли масоили мазкур ибрози ақида менамоянд.

Дар ҷаласаи пленарӣ иштирокдорон мавзуъҳои «Равишҳои нав ба идоракунии амнияти обу энергетикӣ дар шароити тағйирёбии иқлим», «Таъмини устувории тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ тавассути эҷоди барномаи таълимӣ оид ба идоракунии захираҳои об», «Офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо ва захираҳои об», «Санъати дипломатӣ барои ҳалли мушкилоти обу энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мушкилоти тақсими захираҳои об ва истифодаи дурусти онҳо», «Ҳолати кунунӣ ва роҳҳои имконпазири танзими захираҳои обии фаромарзии Амударё» ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 26, 2024 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид