Дар Душанбе Лоиҳаи «Таҳкими идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардид

Апрель 27, 2024 16:21

ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо сардори шуъбаи Осиёи Марказӣ ва Шимолии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд Тиерри Умбер ва мудири Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саломе Штайб  вохӯрӣ намуд, ки дар он Лоиҳаи «Таҳкими идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ амалӣ ва аз тарафи Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) маблағгузорӣ гардида, барои ислоҳоти дар доираи «Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» пешбинишуда, равона карда шудааст.

Махсусан дар доираи лоиҳа таҳкими низомҳои асосии миллии идоракунии молияи давлатӣ дар самти ҳисоботдиҳии бахши давлатӣ, таҳкими баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар бахши давлатӣ, ​ таъмини шаффофияти молиявӣ ва дастрасӣ ба иттилоот, навсозии стандартҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши давлатӣ, баланд бардоштани тавонмандии кормандони баҳисобгирии муҳосибӣ ва дигар чорабиниҳои афзалиятнок пешбинӣ шудааст.

Татбиқи сифатноки ҳадафҳои дар доираи ин лоиҳа пешбинишуда барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардидани низоми​ молияи давлатӣ ва иҷрои «Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мусоидат хоҳад намуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2024 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд