Дар Душанбе намояндагии «Kia Motors»-и Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ мегардад
ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест» хабар медиҳад.
Созишнамаро Раиси Шурои директорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест» Шарифбек Давлатов ва намояндаи расмии ширкати «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея Ҷуҳо Ким имзо намуданд.
Тибқи шартномаи тарафайн ояндаи наздик намояндагии ширкати «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ифтитоҳ мегардад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти ҳамкории байни ширкатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд ёфта, барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шудааст.
АКС: Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест»









Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






