Дар Душанбе намояндагии «Kia Motors»-и Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ мегардад

Апрель 3, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе  байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Лесинвест»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Лесинвест» хабар медиҳад.

Созишнамаро Раиси Шурои директорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест» Шарифбек Давлатов ва намояндаи расмии ширкати «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея Ҷуҳо Ким имзо намуданд.

Тибқи шартномаи тарафайн ояндаи наздик намояндагии ширкати «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе  ифтитоҳ мегардад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти ҳамкории байни ширкатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд ёфта, барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ заминаҳои боэътимод  фароҳам оварда шудааст.

АКС: Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Лесинвест»

Апрель 3, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод