Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 16 апрел дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон ба таври расмӣ ифтитоҳ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Даромадгоҳи Кохи боҳашамати Наврӯз идона оро ёфта, ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон зери навои оҳангу суруд ва садои руҳнавози карнаю сурнай мавриди истиқбол ва пазироӣ қарор гирифт.
Қабл аз шуруи маросими ифтитоҳ ҳайати меҳмонон бо маҷмааи «Кохи Наврӯз» шинос шуда, бо меъморӣ, кандакорию чӯбкорӣ ва толорҳои барҳавою бошукуҳи ин кохи камназир аз наздик шинос шуданд.
Нахуст роликҳои таблиғотӣ доир ба оғози робитаю ҳамкорӣ байни ду давлати дӯсту ҳамҷавор манзури ҳозирин гардида, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» меҳмононро ба сарзамини куҳанбунёди тоҷик хайрамақдам гуфт.
Иброз гардид, ки мояи сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки дар марҳилаи ҳозира хиштҳои аввалини барои таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику узбек гузоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Қасри дӯстӣ мубаддал гардид. Баргузории Рӯзҳои синамои Узбекистон дар мамлакат нишона аз ин сиёсати муваффақона мебошад.
Изҳори итминон карда шуд, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманди халқҳои тоҷику узбек, аз ҷумла таҳкими ҳамкории синамогарони ду давлат дар сатҳи баланд баргузор гардидани Рӯзҳои синамои Узбекистон ба рушди минбаъдаи синамои миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, боиси рӯй кор омадани лоиҳаҳои нави синамоии муштарак дар соҳаи кинематографияи ду халқу дӯсту бародар мегардад.
Роҳбари ҳайати меҳмонон- муовини якуми директори Агентии кинематографияи назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ризоев аз пазироии самимӣ ва дар сатҳи муносиб баргузор намудани Рӯзҳои синамои Узбекистон ба Пешвои миллат ва халқи тоҷик изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳайати меҳмонон ба ҳозирин муаррифӣ гардида, тибқи оину суннати меҳмондорӣ ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» оғозбахши Рӯзҳо гардида, алоқамандони синамо бо завқи том филмро тамошо намуда, аз маҳсули эҷодии синамогарони узбек бархӯрдор шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи сафари сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 20 апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон идома меёбанд.
Тибқи барнома, филмҳои Узбекистон дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб намоиш дода мешаванд.
Имрӯз, 17 апрел, соати 17:00 дар кинотеатри «Ватан» намоиши филми ҳунарии «Ситораи Улуғбек», ки дар он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи нишони «Ситораи Президенти Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» Ҳошим Гадоев нақш офаридааст, манзури мухлисону ҳаводорони ин ҳунарпешаи асил гардонида мешавад.
Анҷоми Рӯзҳои синамои Узбекистон 19 апрел, соати 18:00 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод ҳамсар!» дар назар аст.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд






