Дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил мешаванд
ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе пагоҳ, 3 апрел ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ярмаркаҳо маҳсулоти кишоварзии Агентии захираҳои моддии давлатӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо нархи дастрас пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегарданд.
Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», назди Боғи Куруши Кабир, таваққуфгоҳи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино то 9 апрел идома меёбанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






