Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд

Апрель 27, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи  наву замонавӣ бо таҷҳизоти муосир мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.

Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «мо бояд дар амалӣ намудани ҳадафҳои Президенти Тоҷикистон дар самти илм кӯшиш ба харҷ дода, барои дар амал татбиқ намудан ва расидан ба ҳадафҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иқдоми назаррасро ба анҷом расонем. Дар ин замина дастгирии олимони ҷавон ва шароити арзандаи корӣ фароҳам овардан барои онҳо яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад».

Гуфта шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ барои рушд ва баланд бардоштани илми тоҷик  тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 27, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё” дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд