Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд

Апрель 27, 2024 13:55

ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби миёнаи №35»-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба поси хотири фарзанди барӯманди тоҷик, қаҳрамонписари  тоҷик   Домулло Азизов барномаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар оғози барнома иштирокдорон бо утоқи ёдгорӣ шинос шуда, ба пояи нимпайкараи қаҳрамон гулчанбар гузоштанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода дар толори маҷлисгоҳи мактаб оид ба корнамоии тоҷиконе, ки дар солҳои ҷанги зидди фашизми солҳои 1941-1945 дар набардҳо барои озод намудани сарзамини Беларус аз истилогарони фашистӣ фаъолона иштирок карда, қисме аз онҳо дар майдони ҷанг абадӣ монданд, сухан гуфт.

Қисмати фарҳангии барномаро хонандагони мактаб бо суруди тоҷикии «Кабутараки сафедам» ифтитоҳ намуданд, ки бо кафкӯбиҳои бардавоми иштирокдорон истиқбол гирифта шуд. Сипас барномаро ҳунармандон, сарояндагон ва навозандагони тоҷик идома дода, бо маҳорати баланд ба ҳайати омӯзгорону хонандагони мактаб таассурот ва эҳсосоти фаромӯшнашаванда бахшиданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2024 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд