Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои барқӣ истеҳсол мешавад
ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон сохтмони коргоҳи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои барқӣ идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти дар оянда истеҳсолшаванда воридотивазкунанда мебошад. Коргоҳ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Саидбой Абдуллоев сохта шуда, корҳои созандагӣ дар иншоот тибқи нақша пеш мераванд.
Ҳоло дар бозори дохилӣ ва берунӣ талабот ба ноқилҳои барқӣ ва қубурҳои полиэтиленӣ зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар коргоҳ қубурҳои полиэтиленӣ барои обёрии заминҳо ва беш аз 10 намуди ноқилҳои барқӣ истеҳсол мешаванд.
Раиси вилоят зимни суҳбат аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави кор, ворид ва насби хатҳои нави истеҳсолӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар вилояти Суғд барои соҳибкориву сармоягузорӣ шароити мусоид муҳайё карда шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид






