Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои барқӣ истеҳсол мешавад

Апрель 21, 2024 17:27

ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон сохтмони коргоҳи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои барқӣ идома дорад, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти дар оянда истеҳсолшаванда воридотивазкунанда мебошад. Коргоҳ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Саидбой Абдуллоев сохта шуда, корҳои созандагӣ дар иншоот тибқи нақша пеш мераванд.

Ҳоло дар бозори дохилӣ ва берунӣ талабот ба ноқилҳои барқӣ  ва қубурҳои полиэтиленӣ зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар коргоҳ қубурҳои полиэтиленӣ барои обёрии заминҳо ва беш аз 10 намуди ноқилҳои барқӣ истеҳсол мешаванд.

Раиси вилоят зимни суҳбат аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави кор, ворид ва насби хатҳои нави истеҳсолӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар вилояти Суғд барои соҳибкориву сармоягузорӣ шароити мусоид муҳайё карда шудааст.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 21, 2024 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе марҳилаи дуюми ҳакатони минтақавии «Ҳалли сабз ва рақамӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» доир гардид
Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҷаласа оид ба хизматрасонии метеорологии авиатсияи гражданӣ дар Бишкек иштирок намуданд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 32 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар доираи «MAZU» тақвият меёбад
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Дар Душанбе рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардид
Аҳамияти муҳими «CASA -1000» дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
«Амонатбонк» ҳамкориро бо Бонки кишоварзии Чин тақвият медиҳад