Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид

Апрель 22, 2024 17:53

ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз вазъи мураккаб ва ҳассоси геосиёсӣ масъалаи муҳим ва асосӣ барои Тоҷикистон- ин дастгирии сохтмони иншооти азим ва стратегии  мамлакат -Неругоҳи барқи обии /НБО/  «Роғун» мебошад. Чунин гуфта шуд дар вохӯрии ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ Анна Бйерде дар Вашингтон.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ Анна Бйерде дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор  ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ доир шуд.

Дар вохӯрӣ мусоҳибон масъалаи маблағгузории лоиҳаҳо, пешниҳоди тавсияҳо оид ба сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии доимии машваратӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳониро  баррасӣ намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон нақши муҳими шарикони рушдро дар таъмини рушди устувори Тоҷикистон таъкид намуда, кумаки саривақтии Бонки ҷаҳониро ба давлатҳои аъзо барои устуворӣ ва мутобиқшавӣ ба таъсири омилҳои берунӣ муассир арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки барои Тоҷикистон бунёди яке аз иншооти бузурги  стратегӣ — Неругоҳи барқи обии «Роғун» хеле муҳим аст. Таъкид гардид, ки маҳз ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ боиси таваҷҷуҳи якчанд ташкилоти байналмилалии молиявӣ дар самти маблағгузорӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» гардида, Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки барои анҷом додани сохтмони ин неругоҳ ҷалби сармояро идома диҳад.

Дар робита ба ин Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун институти молиявии бонуфуз даъват шуд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро маблағгузорӣ намояд.            

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 22, 2024 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд