Дар Покистон оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим конфронс доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати вилояти Панҷоб ва Донишгоҳи Осиёи Бузург (Grand Asia), воқеъ дар шаҳри Сиалкот аввалин Конфронси байналмилалӣ бахшида ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон хабар медиҳад.
Дар конфронс беш аз 600 роҳбари институтҳои ҳавошиносӣ, пажуҳишгоҳҳои самти обу иқлим, намояндагон ва мутахассисони иқлиму обу энергетика аз кишварҳои аврупоӣ, институтҳои масъалаҳои энергетика ва энергияи «сабз», профессорон, донишҷӯён ва ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ ишитрок намуд.
Кордори Сафорати Тоҷикистон дар Покистон Саидҷон Шафизода дар конфронс таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дар рӯёрӯйи пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба шумор рафта, ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиии марбут ба об дучор мешавад, ки аз ин зарари зиёди молию моддӣ мебинем.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро барои давраи то соли 2030 татбиқ менамояд. Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз буда, аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо ҷойи 130-ро ишғол менамояд. Яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо Тоҷикистон дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Тоҷикистон ҳамчунин яке аз давлатҳои пешсафи сайёра аз рӯи фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» ба ҳисоб меравад.

Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон 98 фоизи барқро дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз рӯйи фоизи тавлиди энергияи «сабз» аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Дар оянда иқтидори истеҳсоли энергияи «сабз» ҳамчун заминаи асосии пешбурди иқтисоди «сабз» ду баробар афзоиш меёбад.
Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 қатънома дар мавзуи об ва 1 қатънома аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул гардид.
Зимни суханронӣ намояндаи Аврупо таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар даҳсолаи охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро дар масоили мубрам ва ниҳоят ҳассоси ҷаҳони имрӯза дар мавзуъхои обу энергетика, энергияи сабз, сарфаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, тадбирҳои амалии пешгирии терроризму экстремизм, маводи мухаддир ва дигар ҷалб намуда, ба ҳам овардааст.
Зимни конфронс иштирокчиён ташаббусҳои Тоҷикистонро бисёр муҳим ва саривақтӣ хонда, аз роҳбарияти мамлакат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар давоми чорабинӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва конфронсу симпозиумҳои дар мамлакат баргузоршуда дар ҳудуди 15 дақиқа дар шакли видео ба намоиш гузошта шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон








Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд






