Дар Рӯшон дар масоҳати 46 гектар боғҳои нав бунёд карда мешавад
ХОРУҒ, 07.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшон тасмим гирифтаанд, ки соли равон аз ҳисоби заминҳои бекорхобида дар масоҳати 46 гектар боғи нав бунёд намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин самт аллакай корҳои агротехникӣ ба анҷом расонда шуда, барои паст намудани шӯрнокии замин, омода намудани он барои ташкили боғ бо ҷалби техника ва мошинолоти кишоварзӣ шудгори замини зери боғҳои нав оғоз гардид.
Раиси Ҷамоати деҳоти Назаршо Додихудоеви ин ноҳия Муъмин Худоиев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иброз дошт, ки ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ ҳамзамон афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти озуқавории мамлакат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад.
Гуфта шуд, ки нахустин маротиба аз ҳисоби заминҳои ғайри корами деҳаи Барзуд бо анҷом додани шудгори 16 гектар замини шӯр замина барои ташкили боғи нав фароҳам оварда шуд.
Сардори қитъаи беҳдошти замини ноҳия Хуҷаазиз Мируллоев дар робита ба иҷрои Барномаи давлатии беҳтар кардани ҳолати милиоративии замин дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон изҳор дошт, ки бо дастгирии шуъбаи беҳдошти замини вилоят тоза кардани заҳкашу заҳбурҳо аз аввали моҳи март оғоз гардид. Дар айни замон тамоми техникаву механизмҳои кишоварзӣ ба деҳаи Дерӯшон интиқол дода шуданд ва поксозии заҳбуру заҳкашҳо дар масофаи 20 км оғоз гардид.
Тозакунии заҳкашу забурҳои заминҳои кишоварзии ноҳияи Рӯшон аз соли 2018 ба ин сӯ марҳила ба марҳила анҷом дода шуда, соли 2023 дар масофаи 15 км корҳои тозакунии заҳкашу забурҳо анҷом дода шудааст.
Бояд гуфт, ки барои обёрии заминҳои кишоварзӣ ва боғоти ин ноҳия дар масоҳати 76 км каналҳои обёрикунанда мавҷуд аст ва ин шабакаҳои обрасонӣ дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






