Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 15.04.21024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 апрел дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон вобаста ба омодагии қувваю воситаҳои қисми мудофиаи ҳудудӣ ва захираи сафарбарӣ барои пуррагардонии қисмҳои низомӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиётбуда чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд.
Ҳадафи баргузории омодагӣ шиносоӣ ва арзёбии омодабошии шаҳрвандон ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ мебошад. Чорабинӣ бо ҳузури намояндаи ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб, комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони мутассадӣ баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки санҷиши омодабошии ҷангӣ, ҷалб ва мудофиаи ҳудудӣ баҳри сайқал додани таҷрибаву малакаи ҳайати шахсӣ, тақвият бахшидан ба ҳамоҳангии сохторҳои низомии шаҳр дар сурати ба вуқуъ омадани хатарҳои эҳтимолӣ равона шудаст. Ҳамчунин ҳадафи ин чорабинӣ санҷиши амалиёти тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии ҷисмониву равонӣ ва қобилияти ҷангиву малакаи ҳарбии қисмҳои низомӣ мебошад.
Таъкид карда шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, имрӯз қодир мебошанд, ки манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Бо баробари беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ маҳорати касбию ҷангии сарбозон низ сайқал ёфта, сарбозону афсарони шуҷои Ватан сипари боэътимоди давлату миллат мегарданд.
АКС: Рӯзномаи «Хатлон»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






