Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Минск Намоишгоҳи байналмилалии хизматрасонии сайёҳии «Истироҳат-2024» («Отдых-2024») баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок намуда, имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯнамоӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад.
Бахтовар Сафарзода ба таври муфассал дар бораи рушди босуръати соҳаи туризм дар мамлакат маълумот дода, таъкид намуд, ки солҳои охир дар Тоҷикистон барои қабули меҳмонони хориҷӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ пайваста шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Зимни муаррифии самт таъкид гардид, ки Тоҷикистон як ҷозибаи сайёҳии замонавӣ мебошад, зеро дар он на танҳо мероси густурдаи фарҳангию таърихӣ, балки мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ бо манзараҳои гуногуни табиӣ, минтақаҳои истироҳатӣ, олами наботот ва ҳайвоноти беназир ҷойгир шудааст.
Ҳамзамон ба иштирокчиёни чорабинӣ наворҳо оид ба иқтидори сайёҳӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тасвиргари табиати зебоманзару нотакрор, маконҳои тамошобоби таърихию замонавӣ ва инчунин дастовардҳои иқтисодии мамлакат буданд, намоиш дода шуданд.
Ҳамоиши «Истироҳат-2024» бузургтарин намоишгоҳи сайёҳии Беларус дар бахши «гардишгарӣ ва фароғат» мебошад. Ҳамоиш абзори тиҷорати байналмилалӣ барои кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ мебошад, ки маҳсулот ва хизматҳоро ба бозори Беларус пешниҳод менамоянд.
Дар намоишгоҳ ҳар сол зиёда аз 300 нигоранда аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус










Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд






