Дар шаҳри Турсунзода вобаста ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел аз ҷониби Филиали 15-и Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода дар самти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии фосилавӣ, истифодаи замимаи барномаи мобилии «Амонат-мобайл» дар осорхонаи шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндагони мақомоти шаҳр, соҳибкорон, омӯзгорон ва кишоварзон машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири филиали 15-и Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода Музаффар Мирализода иттилоъ дод.
Машварати омӯзишӣ ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023 равона гардид.
Дар машварати омӯзишӣ ба иштироккунандагон кортҳои пардохтии фарогир ройгон дастрас карда шуд. Ҳамзамон барои боз ҳам беҳтар намудани ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иқдоми пешниҳоди қарзҳо таҳти унвони «Баҳор-2024» бо меъёри 18 фоизи солона бо пули миллӣ пешниҳод гардид.
АКС: «Амонатбонк»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!






