Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути роҳи оҳани мамлакат дар се моҳи аввали соли 2024 1 миллиону 687 ҳазор тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Дар ин муддат нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ 5,7 фоиз ва гардиши мусофиркашонӣ беш аз 100 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таҳлили ҳамлу нақли байналмилалӣ бозгӯи он аст, ки аз ин омор 92,1 фоизро интиқоли воридотӣ, 4,6 фоизро интиқоли содиротӣ ва 3,3 фоизро интиқоли маҳаллӣ (дохилӣ) ташкил медиҳад.
Дар интиқоли байналмилалии бор нақлиёти роҳи оҳан нақши муҳим мебозад. 75,7 фоизи борҳо дар логистикаи байналмилалӣ дар ин давра ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






