Дар Тошканд ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд

Апрель 27, 2024 14:48

ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 78-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар ҷаласаи мазкур  роҳбарони мақомоти гумруки Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Озарбойҷон, Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкории байниидоравӣ, аз ҷумла дар таҷриба истифодабарии пломбаҳои навигатсионӣ барои пайгирии ҳамлу нақл, Ёддошти тафоҳум байни хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба содагардонии ҳамлу нақли транзитӣ, рушди ҳамкории транзитӣ баррасӣ ва мувофиқа карда шуданд.

Инчунин лоиҳаи Протокол оид ба ташкили портали транзитии хадамоти гумрукии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва илова бар ин, рафти мувофиқа кардани се лоиҳаи созишномаҳое, ки аз ҷониби Шуро таҳия карда мешаванд, баррасӣ ва мувофиқа шуданд.


Роҳбари Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иҷрокунандаи вазифаи сардори Хадамоти федералии гумрук Руслан Давидовро интихоб намуда, котиби он сардори Раёсати ҳамкории гумрукии Хадамоти федералии гумрук Д.Субочев таъйин гардид.

Ҳамчунин  пешниҳод карда шуд, ки моҳи сентябри соли 2024 ҷаласаи навбатии 79-уми Шуро дар Владивостоки Федератсияи Русия баргузор карда шавад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2024 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд