Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо намояндаи Донишкадаи миллии таҳқиқоти рушди алоқаи Русия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мулоқоти директори китобхона Ҷумахон Файзализода бо муовини директори Донишкадаи миллии таҳқиқоти рушди алоқа оид ба Русия Алина Гасумянова ва сардори шуъбаи алоқаҳои берунии нашрия ва расонаи «Perspctum» Ирина Оганесян баргузор гардида, тарафҳо дар мавриди ҳамкории судманди дуҷониба табодули назар намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни суҳбат Алина Гасумянова иброз намуд, ки «Тоҷикистон соҳиби тамаддуну таърихи бою қадимӣ буда, аз ҷониби кишварҳои дигар ба муаррифии бештар ниёз дорад. Тоҷикон миллати куҳантамаддун буда, адабиёту фарҳанг ва таърихи бою рангин дорад. Ин миллат нобиғаҳое ба оламиён додааст, ки он тақозо менамояд башарият аз ин тамаддуну фарҳанг ва ин адабиёти ғанӣ бештар огоҳӣ дошта бошад».
Меҳмонон иброз доштанд, ки хоҳони дидани муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон ҳастанд ва омодаанд, ки дидаҳояшонро дар саҳифаҳои маҷаллаашон инъикос намоянд. Дар маҷмуъ онҳо хоҳони густариши муносибатҳои мутақобила бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд.
Ба иттилои меҳмонон, «дар баробари ин мо конференсияву мизҳои гирд анҷом медиҳем. Мехоҳем маҷаллаи «Человек и мир» -ро бо 2 забон: русӣ ва тоҷикӣ ба нашр расонем».
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода иброз дошт, ки «мо бо Китобхонаи давлатии Русия, Китобхонаи миллии Русия, Китобхонаи давлатии умумирусиягии адабиёти хориҷӣ ба номи Маргарита Рудомино ҳамкории хуб дорем. Аз пешниҳоди ҳамкорӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ба ҳамкории судманди дутарафа омода мебошем».
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид






