Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи информатика байни 70 муассисаи олии ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни тоҷик дар Олимпиадаи дуюми байналмилалӣ оид ба информатика, ки дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон ба номи Ягшигелди Какаеви шаҳри Ашқобод доир шуд, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар олимпиада 5 донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби се ҷойи дуюм, як ҷойи сеюм ва як сертификат барои иштироки фаъолона шуданд.
Дар олимпиада 350 нафар аз 70 муассисаи таълимии Ҷумҳурии Федералии Олмон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Туркия, Эрон, Қатар, Уммон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арабистони Саудӣ, Арманистон ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки дастоварди донишҷӯён барои таҳкими ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Туркманистон дар самти табодули академӣ, баргузории чорабиниҳои илмӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, омода намудани мутахассисони баландихтисоси самти IT ва дигар тарҳҳои нави ҳамкорӣ заминаи мусоид мегузорад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйи 54 ихтисос донишҷӯ қабул менамояд
Соли 2026 ба соҳаи маорифи вилояти Хатлон 19,8 миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия факултети журналистика ва медиакоммуникатсия ба фаъолият шуруъ менамояд
ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Маркази миллии тестӣ: аз 11 то 13 август озмуни тақсимоти такрорӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба узвияти Донишгоҳи СҲШ пазируфта шуд
Оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даҳ ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон аз рӯи 55 ихтисос мутахассиси соҳаи кишоварзӣ омода карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз 400 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд






