Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд

Апрель 18, 2024 11:33

ДУШАНБЕ, 18.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Москва қарор дорад, бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии Федератсияи Русия таҳсил менамоянд, баргузор гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯён дар мавзуи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 32 соли истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон суҳбат намуд. Ҳамзамон дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон таъкид гардид.

Дар ҷараёни суҳбат Сафир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва дар ин замина дурӣ ҷустани онҳоро аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун таъкид намуд. Аз донишҷӯён талаб карда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватанро ҳамчун арзишҳои миллӣ эҳтиром намоянд.

Инчунин таъкид шуд, ки донишҷӯён бояд дар дарсҳо ва корҳои ҷамъиятии донишгоҳҳо фаъолона иштирок намуда, саҳм гузоранд. Гуфта шуд, ки донишҷӯён бо иродаи устувор, дониши мукаммал, одобу ахлоқи ҳамида аз ҳар гуна ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои номатлуб ва равияҳои динии бегона худдорӣ намоянд.

Роҳбари намояндагии дипломатӣ таъкид намуд, ки Сафорат омода аст ба амалишавии ташаббусҳои донишҷӯёни ҷавон мусоидат намояд.

Вазири маориф ва илм бо муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик ва бо ёдоварӣ аз муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҷавонони мамлакат изҳор дошт, ки «имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад ва шумо одамони хушбахт мебошед, ки имконияти хуби таълим доред. Бино бар ин, аз шароити мусоиди бароятон фароҳамгашта хуб истифода бурда, илм омӯзед, соҳибкасб шавед ва ба давлататон хизмат намоед».

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Апрель 18, 2024 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Фарҳангу таърихи Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишгоҳи ADA-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд