Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд

Апрель 18, 2024 11:33

ДУШАНБЕ, 18.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Москва қарор дорад, бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии Федератсияи Русия таҳсил менамоянд, баргузор гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯён дар мавзуи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 32 соли истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон суҳбат намуд. Ҳамзамон дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон таъкид гардид.

Дар ҷараёни суҳбат Сафир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва дар ин замина дурӣ ҷустани онҳоро аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун таъкид намуд. Аз донишҷӯён талаб карда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватанро ҳамчун арзишҳои миллӣ эҳтиром намоянд.

Инчунин таъкид шуд, ки донишҷӯён бояд дар дарсҳо ва корҳои ҷамъиятии донишгоҳҳо фаъолона иштирок намуда, саҳм гузоранд. Гуфта шуд, ки донишҷӯён бо иродаи устувор, дониши мукаммал, одобу ахлоқи ҳамида аз ҳар гуна ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои номатлуб ва равияҳои динии бегона худдорӣ намоянд.

Роҳбари намояндагии дипломатӣ таъкид намуд, ки Сафорат омода аст ба амалишавии ташаббусҳои донишҷӯёни ҷавон мусоидат намояд.

Вазири маориф ва илм бо муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик ва бо ёдоварӣ аз муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҷавонони мамлакат изҳор дошт, ки «имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад ва шумо одамони хушбахт мебошед, ки имконияти хуби таълим доред. Бино бар ин, аз шароити мусоиди бароятон фароҳамгашта хуб истифода бурда, илм омӯзед, соҳибкасб шавед ва ба давлататон хизмат намоед».

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Апрель 18, 2024 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд