Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Ҷопон ҳамкориро тақвият мебахшад

Апрель 4, 2024 15:47

ДУШАНБЕ, 04.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аики Тосихиро,  мушовир, муовини роҳбари намояндагии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томонори Ҳасегава  мулоқот  намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти дурнамои рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои илмию таълимии Тоҷикистону Ҷопон, баргузор намудани омӯзишу машвартҳои илмию таълимӣ, равобити устодону донишҷӯён дар самти такмили ихтисос ва  чопи китобҳои илмӣ – таълимӣ табодули афкор намуданд.

Зимнан таъкид гардид, ки сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкории илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намуда, барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳо ҷудо намудааст. Ин иқдом метавонад барои   олимони ҷавон ва донишҷӯёни тоҷик  ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир кумак расонад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чанде қабл ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ба Ҷопон сафар намуда буданд ва бо фаъолияти марказҳои илмию технологияҳои ин кишвар  шиносоӣ пайдо карданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Апрель 4, 2024 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид