Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Ҷопон ҳамкориро тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 04.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аики Тосихиро, мушовир, муовини роҳбари намояндагии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томонори Ҳасегава мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти дурнамои рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои илмию таълимии Тоҷикистону Ҷопон, баргузор намудани омӯзишу машвартҳои илмию таълимӣ, равобити устодону донишҷӯён дар самти такмили ихтисос ва чопи китобҳои илмӣ – таълимӣ табодули афкор намуданд.
Зимнан таъкид гардид, ки сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкории илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намуда, барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳо ҷудо намудааст. Ин иқдом метавонад барои олимони ҷавон ва донишҷӯёни тоҷик ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир кумак расонад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чанде қабл ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ба Ҷопон сафар намуда буданд ва бо фаъолияти марказҳои илмию технологияҳои ин кишвар шиносоӣ пайдо карданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






