«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Протоколи ҷаласаи комиссияи муштараки Точикистону Узбекистон оид ба таҳияи филмномаи филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» имзо карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм » хабар медиҳад.
Протоколро аз ҷониби Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва аз ҷониби Узбекистон муовини директори Агентии кинематографияи назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ризоев ба имзо расониданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки дар фурсати наздиктарин корҳои омодагӣ барои наворбардории филм шуруъ мегардад.
Хотирнишон менамоем, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Узбекистон аз ҷониби гурӯҳи эҷодии ҷониби Тоҷикистон филмномаи мазкур мавриди таҳриру таҳлил қарор дода шуд.
Дар ҷаласаи муштараки коршиносони соҳаи синамои Тоҷикистону Узбекистон, ки аз 13 то 19 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, чорабиниҳои муқаддамотии анҷомшуда баррасӣ гардиданд. Филмнома саҳна ба саҳна мавриди муҳокима қарор гирифт. Бо мувофиқаи тарафайн ба матни филмнома тағйиру иловаҳои ниҳоӣ ворид карда шуданд.
Нусхаи ниҳоии филмномаи филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» мувофиқа ва тасдиқ гардид.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






