Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи вохӯриҳои ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоким Холиқзода бо Директори Хазинаи Байналмилалии Асъор Кристалина Георгиева мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар баробари иттилоъ оид ба нишондиҳандаҳои соли 2023 ва тамоюли мусбати рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории судманди Хазина ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба тасдиқи Барномаи воситаи ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали имсол аз ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор тасдиқ шудааст, воситаҳои қарздиҳии хазина, зарурати афзоиши иқтидори мутахассисони вазорату идораҳо, таҳкими захираи кадрӣ ба воситаи барномаҳои таълимии мутобиқшуда ва дигар чорабиниҳои ин хазина табодули назар намуданд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҳамкории судмандро дар ин самт тақвият мебахшанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






