Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид

Апрель 25, 2024 18:40

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тақвият бахшидани ташаббусҳои ҳизбӣ дар доираи ташаббусҳо таҳти унвонҳои “Якҷоя месозем!”, “ҲХДТ — ҳизби созандаву бунёдкор!”, пешниҳоди матлабҳои таҳлилӣ ба нашрияи Марказии “Минбари халқ”, ҷалби шаҳрвандон барои кор дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», вусъат бахшидани чорабиниҳои гуногуни ҳизбӣ бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ тибқи “Роҳнамо барои сарбози ихтиёрӣ”, истифодаи самараноки замин, дастрасии сокинон ба Муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз ҷумлаи корҳои анҷомдода ва ҳамзамон дар ҳоли иҷро қарордошта мебошанд. Ин матлаб дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин кумита дар семоҳаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят барои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани 30-солагии таъсиси ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар асоси маълумоти оморӣ дар вилоят 2 ҳазору 847 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дошта, дар амалисозии ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳми арзанда доранд. Нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он дар семоҳаи якуми соли 2024 дар таносуб ба ҳамин давраи соли гузашта барзиёд иҷрошуда арзёбӣ гардиданд.

Изҳор гардид, ки агар ба таърихи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар афканем, эътимодманд мешавем, ки ин ташкилоти бонуфузи сиёсӣ аз андешаи марди худогоҳу хештаншинос, фарзанди баруманди халқи тоҷик Пешвои миллат сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз аъзои ҳизбро зарур аст, ки дар татбиқи ғояҳои барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон қадамҳои устувор гузошта, 30-солагии таъсиси ин ҳизби пешбарандаи ҷомеаро бо дастовардҳои назаррас истиқбол бигирем.

Баъд аз баррасии масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Чун анъана ҳар семоҳа тибқи рейтинги ҳизбӣ кумитаҳои иҷроияи фаъол қадрдонӣ карда мешаванд. Дар ин семоҳа ҷойи сеюм насиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён гардида, ҷойи дуюм ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ва ҷойи якум бо “Ҷоми сайёр” ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дода шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Апрель 25, 2024 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд