ФАРДОИ ДУШАНБЕ. АМИТ «Ховар» лоиҳаи ангоравии биноҳои дар пойтахт бунёдшавандаро манзур менамояд

Апрель 12, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  Рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрел) АМИТ «Ховар» суратгузоришро  дар бораи  лоиҳаи чанд  бинои маъмурӣ, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санги асоси онҳо гузошта шуд, инчунин биноҳои дигари истиқоматию хизматрасонӣ, ки дар пойтахт бунёд мешаванд, манзур менамояд. 13 марти соли равон  бо иштироки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ лоиҳаи биноҳои  вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологяҳои нав, маориф ва илм муаррифӣ гардиданд.

Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона,  бинои нави Вазорати саноат ва технологяҳои нав  аз 16 ошёна ва таҳхона, бинои маъмурии Вазорати маориф ва илм аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ бунёд мешаванд. 

Бинои нави Вазорати фарҳанг давоми 2 сол сохта мешавад

 

Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нав давоми 2 сол сохта мешавад

Бинои нави Вазорати маориф ва илм дар давоми 3 сол бунёд мегардад

Чанд лоиҳаи биноҳои  маъмурию истиқоматӣ ва хизматрасонӣ, ки  дар пойтахт сохта мешаванд ва ё дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд:

 

 

Таҳияи Зоҳирҷони ТОИРЗОД,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манбаъҳои боз

Апрель 12, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

1 май дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷамъбаст мешавад. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз лолазори пойтахт
САД РАНГИ ЧАКАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории даври ҷамъбастии ин фестивал таҳия гардидааст
БИНОҲОИ МУҲТАШАМИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ДАР ДУШАНБЕ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН! Суратгузориши АМИТ «Ховар» дар арафаи баргузории ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан»
БОҒИ «АЛИШЕР НАВОӢ»-РАМЗИ ДӮСТИИ АБАДИИ ТОҶИКУ УЗБЕК. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин макони писандидаи меҳмонони дохилию хориҷӣ таҳия гардидааст
ДУШАНБЕ ДАР ОҒӮШИ ЛОЛАҲО. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз лолазори пойтахт
«ОСОИШГОҲИ ШОҲАМБАРӢ» ДАР МАВЗЕИ ХУШМАНЗАРИ ҚАТОРКӮҲҲОИ ҲИСОР. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин макони истироҳатӣ
ДУШАНБЕ — МУАРРИФИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Кӯдакон — тарғибгари либоси миллӣ
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Неругоҳи барқи обии «Норак»
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Душанбе
СУРАТГУЗОРИШ. Баҳор ба «Қалъаи Хуҷанд» ҳусну таровати тоза бахшидааст