Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст

Апрель 26, 2024 10:30

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фазои Юнони ҷанубӣ шоми сешанбе ранги норанҷӣ гирифт, зеро кишварро абрҳои ғуборолуде пӯшониданд, ки тавассути баҳри Миёназамин аз Африқои Шимолӣ ҳаракат карда, омадаанд. Дар ин хусус Euronews хабар додааст,  иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Фазои  Либия низ аз сабаби чангу қуми биёбони Сахара рангҳои  сурху норанҷӣ гирифт. Бар асари гирдбоди қум биниш ба сифр баробар гардид. Дар робита ба ин дар шарқи кишвар 22 ва 23 апрел рӯзҳои истироҳат эълон ва парвозҳо дар шаҳри Бенғозӣ бекор карда шуданд, иттилоъ медиҳад сомонаи Akhbar Libiya 24.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки аз хона берун набароянд.

Акс: ЕРА/ТАСС

Апрель 26, 2024 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад